Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НОҲИЯИ РАШТ 95 СОЛА ШУД 

        Маълумоти таърихи. Рошт (Рашти имруза) таърихи 2200 сола дорад ва бо номи Fурканд (шаҳраки Fарми имрӯза) ҳамчун маркази фарҳангӣ маъруф гашта буд. Забоншиносон вожаи Роштросурхмаънидод кардаанд ва руди Сурх аз ҳамин маъно гирифта шудааст.
        Баъд аз барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар водии Рашт соли 1921 вилояти Ғарм таъсис ёфт (ба ҳудуди он туманҳои Ғарм, Қалъаи лаби об, Ҳоит, Ҷиргатол, Дарвоз, Тавилдара ва Оби Гарм дохил мешуд). 10 марти соли 1931 ноҳияи Fарм ташкил шуд.
       Тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 таҳти 190 номи ноҳияи Fарм бо ноҳияи Рашт иваз карда шуд.
       Маълумоти ҷугрофии ноҳия. Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил намуда, аз шарқ ба ғарб 152 км тул кашидааст. Ноҳия кӯҳсор буда, қариб 97%-и масоҳати онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд ва аз ду тараф қаторкӯҳҳои Пётри 1 (ҳозира Рӯдакӣ) ва Ҳисор тӯл кашидаанд. Аҳолиаш 147693 нафар.
       Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Тавилдара, аз ҷанубу шарқ ба ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол, аз шимол ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва аз ғарб ба ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад аст.
        Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 м. ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлимаш мӯътадил, тобистонаш салқин ва зимистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо 128-216 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи июл +18 +40 С, январ аз 5 то 10 С дар баландиҳои бештар аз 3000 метр иқлими хунук ҳукмфармост. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 ммро ташкил медиҳад.
          Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳӣ ва кӯҳнаварди хеле мувофиқ аст. Чандин солҳост, ки диққати дӯстдорону шавқмандони саёҳат ва кӯҳнавардиро дараҳои Камароб ва Ҳоит ба худ ҷалб кардааст. Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, зранг, бодом, фарк), растаниҳои даштӣ ва бешадаштии мерӯянд. Воқеан ҳудуди ноҳияро хоки ҷигарранги муқаррарии кӯҳӣ, ишқори кӯҳи, сафеди ҷигарӣ ва сиёҳ ишғол менамояд, ки барои парвариши соҳаи растанипарварӣ хело муфид аст. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Руноб, Шӯрак, аз рост Оби Кабуд ва Сорбоғ мебошанд.
       Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рашт рушду такоммул ёфт. Бо қавли дигар Рашт дигар гашт. Дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Сохтмону бунёди муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, биноҳои баландошёна, тарабхонаву ошхона ва дигар муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ вусъати тоза пайдо намуда истодааст.