Дар ноҳияи Рашт мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳандозӣ ва пешгирии коррупсия дар соҳаи тиб» бо иштироки лейтенанти адлия Тоҳирзода Азизҷон Собирҷон, Нозири бахши муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти тандурустӣ ва мақомоти назоратӣ, амалӣ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар хизматрасонии тиббӣ баррасӣ шуданд.

