Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Номаи табрикии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал барои мардуми сарбаланди тоҷик дар саҳафоти таърих ҳамчун рӯзи таърихӣ боқӣ хоҳад монд. Зеро, маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 23 феврали соли 1993 бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ дар кишварамон оғоз гардид.

Ин санаи мубораку таърихӣ ва рӯзи ташаккулёбию қадамниҳии Қувваҳои Мусаллаҳро ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони ноҳия шодбош гуфта, таманно мекунам, ки  дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии тинҷу осуда насиби мардуми кишвар бошад.

Артиши миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ, сипари боэътимоди ҳимояи ҳар халқу миллат мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки он зодаи истиқлолият буда, дар ҷойи холӣ, бе ягон таҳкурсии моддию техникӣ ва кадрӣ, бе истифодаи ягон мерос аз артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шароити буҳрони ниҳоят вазнини иқтисодию сиёсӣ бунёд гардид. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан ба танзими сохтори ташкилию кадрӣ, мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникӣ ва танзими таҳкурсии сиёсию маънавии артиш машғул шуданд. Он рӯзҳо норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ, техника ва яроқу аслиҳаи замонавӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҳис карда мешуд. Сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори 90-ум роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Тӯли солҳои мавҷудияти худ тавонист худро аз лиҳози моддию техникӣ муҷаҳҳаз гардонад, мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни ҳарбиро омода созад, таҷрибаю малакаи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ҳамсояро омӯзад, дар чорабиниҳои омӯзишии ҳарбии минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намояд ва ба яке аз пояҳои боэътимоди ҳимояи кишвар табдил ёбад.

Хушбахтона, имрӯз бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишварамон ҳамеша омода аст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз он кишвари солҳои 90-уми асри гузашта нест. Имрӯз мо, пиру ҷавон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами хеш ҷамъияте барпо намудаем, ки он имрӯз номи миллати сарҷамъи тоҷикро гирифта, давлати ваҳдатпояи Тоҷикистонро соҳиб аст ва он хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад. Муҳофизони шуҷои Ватан, нерӯи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Модар – Ватани азизи худро доранд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам ёдовар шавам, ки имрӯзҳо вазъи олами муосир хеле шадиду тезу тунд буда, дар минтақаҳои гуногуни олам бо сабаби бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва хурӯҷ ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ муборизаҳои сиёсӣ ба фаъолияти бевоситаи ҳарбӣ табдил ёфта истодаанд. Сирояти ин вабои аср – терроризм ва экстремизм ба ҳамаи халқҳою кишварҳо таҳдид менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллиамонро пайваста боло бардошта, барои мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии ватанамон, барои рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи он ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Артиши миллии мо кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии бофароғати ҳар яки мост ва орзу мекунам, ки осмони кишвари мо то абад зери ҳимояи ин артиши пурқудрат ҳамеша софу беғубор бошаду сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз танинандоз.