Муовинони раиси ноҳия Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

“АВЛАВИЯТ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ”

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар фаъолияти роҳбарии худ дар ноҳия ба маcъалаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамвора авлавият медиҳад. Натиҷаи таваҷҷуҳи ҳамешагии ӯст, ки вақтҳои охир бунёду азнавсозии биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва китобхонаҳову дигар иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои мазкур дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон уфуқҳои тоза касб дорад.

Тавре Идизода Зарина Фузайлшо, муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, вобаста ба иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллии рушд, ислоҳот ва навсозӣ корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону волидон бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ 5 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои  таҳсилоти  умумии № 16-и деҳаи Чашмаи Қозӣ дорои 5 синфхона ва 2 кабинет, № 20-и деҳаи Нимичак дорои 4 синфхона ва 3 кабинет, № 26-и деҳаи Ялдамич дорои 5 синфхона, хонаи омӯзгорон ва толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷойи нишаст ва № 67-и деҳаи Навдонак дорои 6 синфхона ва 2 кабинет ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и деҳаи Ҳисорак дорои 4 синфхона ва 1 кабинет  сохта ба истифода дода шуд, ки барои 1500 нафар хонандагон дар ду баст шароити хуби таълим муҳайё гардид. Айни замон дар назди 6 муассисаи таълимии дигар сохтмони биноҳои замонавӣ идома дорад.

Соли таҳсили сипаришуда дар назди муассисаҳои таълимии № 1, 3, 17, 21, 48 ва 64 марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис ёфта, шумораи онҳо ба 46 адад расонда шуд, ки фарогири 1026 кӯдак мебошанд, Ҳамчунин, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (боғчаҳои бачагонаи № 1 дар шаҳраки Ғарм ва № 2 дар шараки Навобод) фаъолият дошта, фарогири 160 кӯдаки синни томактабӣ мебошанд.

Айни замон  дар муассисаҳои таҳсилоти  умумии ноҳия  820 компютери  фардӣ, 72 ноутбук, 191 принтер, 14  тахтаҳои электронӣ ва 42 видеопроэктор  мавҷуд  мебошад. Имсол  аз ҳисоби  сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ 62 компютери фардӣ, 15 ноутбук, 76 принтер, 2 тахтаи электронӣ ва 21  видеопроэктор  харидорӣ   карда  шудааст. Дар  71 муассисаи таълимӣ кабинетҳои  фаннӣ ташкил ва ҷиҳозонда шуда, ба таълими фанни технологияи иттилоотӣ 80 нафар омӯзгор хонандагонро ба машғулият фаро гирифтаанд. Тибқи  нақшаи тасдиқшудаи  шуъбаи маориф дар давраи  таътилҳо  барои директорон, ҷонишинони директор  ва омӯзгорон  машғулиятҳои  алоҳида  оид ба  омӯзиши  технологияи иттилоотӣ   ба роҳ монда  шуда, бархурдории онҳо аз ин илми  муосир  тақвият дода мешавад. Дар  14 муассисаи таълимӣ тахтаҳои  электронӣ, дар  42 муассисаи таълимӣ   видиопроэкторҳо  насб гардида, тавассути  модем ба шабакаи интернетӣ 69 муассисаи таълимӣ пайваст  карда шудааст.

Дар бахши фарҳанги ноҳия 64 муассисаҳои фарҳангӣ, 40 китобхона, 3 клуб, 13 хонаи фарҳангӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, қасри фарҳанг, театри халқӣ, 2 ёдгории таърихии монументалӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг, муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат фаъолият дорад. Мавриди зикр аст, ки боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм ба макони ҳақиқии истироҳати сокинони ноҳия  ва меҳмонон табдил ёфтааст. Алғунчаку чархофалакҳо, 5 нуқтаи дилхушии кӯдакон, барои қабули кӯдакону наврасон дар ҳолати хуби истифодабарӣ қарор дошта, дар мавсими имсола 150 ниҳоли гули садбарг ва зиёда аз 5 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонда шуд.  Насби амсилаҳои мурғобӣ, кабк, товус, сангпушт, оҳу, бузи кӯҳӣ, хирс бо  иқдоми  раиси ноҳия ва саҳмгузории ташкилоту муассисаҳо ҳусни онро зебою рангин  намуда,  мавриди истироҳат  ва тамошои  ҳамагон  гардондааст.

Айни замон дар бахши фарҳанг 40 китобхона, аз ҷумла 2 китобхонаи бачагона бо хазинаи 137640 нусха адабиётҳои гуногун фаъолият менамоянд. Дар нимсолаи  якуми соли равон ҷиҳати  иҷрои  дастуру супоришҳои  Пешвои  миллат аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум,  Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода,  деҳаи Мусофирони Ҷамоати деҳоти Ясман  ва Ҳиҷбораки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак идома дошта, дар 9  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сохтмони китобхонаҳо  ба  нақша гирифта шудааст.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Имсол 2380 нафар дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, 1089 нафари онҳо ба таври ройгон  муолиҷа шуданд.

Шуъбаи ёрии таъҷилӣ  бо 2 адад нақлиёт ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонда, 699 даъватҳои ёрии таъҷилиро хизматрасонӣ намуда, ба беморон дармон бахшидаанд.

Баҳри пешгирии бемории Covid-19 дар шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия воқеъ дар маҳаллаи Фурӯдгоҳи деҳоти Нусратулло Махсум 50 ҷойи хоб, беморхонаи марказии ноҳия 100 ҷой, дар беморхонаҳои деҳотии Ҳоит, Нимич, Қалъаи Сурх ва шаҳраки Навобод 50 ҷойи хоб омода гардида, беморонро ба муолиҷа фаро гирифтаанд. Мавриди зикр аст, ки барои қабул ва табобати гирифторони бемории коронавирус 30 нафар табибони ботаҷриба ҷалб гардида, дар назди шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит ва Қалъаи Сурх ҳуҷраҳои махсус ташкил карда шуда, беморон дар онҳо ба табобат фаро гирифта  шуданд.

Аз ҷониби Пешвои миллат барои кормандону беморони муассисаҳои тиббии ноҳия зиёда аз 50 тонна маводҳои озуқавории талаботи аввалия ва доруворӣ ворид гардида, дастраси онҳо гардонда шуд.

Аз ҷониби соҳибкорон, аз ҷумла Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар ҳаҷми зиёда аз 151 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ расонда шуда, 300 адад либосҳои махсус  ва 1000 дона ниқобҳои яккарата дастрас карда, шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ барои иловатан қабул намудани 20 бемор бо рахтҳои хоб, яхдону ҷевон ва мизу курсиву дигар ҷиҳозу лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда шуд.

Соҳибкор Ғаюр Судуров ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маводҳои озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар асбобу лавозимоти тиббӣ, соҳибкор Ҳамзаалӣ Шеров 6 адад таҷҳизоти нафасдиҳии оксигенератор аз Федератсияи Россия ва соҳибкор Қиёмов Қимом кумакҳои молиявӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонданд.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, ки дар ҳудуди ноҳия намояндагӣ доранд, ба муассисаҳои тиббӣ кӯмакҳои доруворӣ ва маводҳои безараргардонӣ дастрас карда шуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия хона-вагон барои бо табобат фаро гирифтани 20 нафар беморон ворид карда шуда, насб ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маводу таҷҳизотҳои лозимӣ  муҷаҳҳаз  гардида, дар арафаи 23-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ воқеъ дар назди бинои шуъбаи сироятии маҳаллаи Фурӯдгоҳ мавриди истифода гардид.

Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакон ҳуҷраи хатна фаъолият дорад, ки дар шашмоҳи соли равон ба 241 кӯдак хатна ба таври ройгон гузаронда шудааст.

Таъмиру азнавсозӣ дар беморхонаи марказӣ вусъат ёфта, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ пешайвони он ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни беморхонаи марказӣ бо маблағи 84 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар он оғоз гардидаанд.

Бо мақсади иҷроиши қарори раиси ноҳия аз 11 марти соли 2020 ҷиҳати пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19, шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ нақша-чорабиниҳо омода намуда, 72 масҷиду фароғатгоҳҳо, 137 ташкилоту муассисаҳо, 56 нуқтаҳои савдо ва ошхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва бозорҳо бо маводҳои безараргардонӣ таъмин намуда, дар масоҳати 2200 м2 манзилҳои истиқоматии 36 нафар гирифторшудагони бемориҳои сироятро безарар гардонданд.