Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ВАТАН  

       Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 22-02-2023 дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Рашт бо иштироки доираи васеи афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнат, устодону донишҷӯён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва командони мақомоти ҳифзи хуқуқ дар сатҳи баланди ташкилию […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ ҶАВОНОН АЗ ҚИСМҲОИ НИЗОМИИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ РАШТ.

16-уми феврали соли 2023 дар заминаи силсилачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 30- юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ  вохурии донишҷӯёни колеҷи тиббӣ, ҷавонон ва  бонувони ноҳия баргузор карда шуд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии  Мурозода Бахтиёр муовини раиси  ноҳия оғоз шуд, ҳайати меҳмонон, ҷавонон аз намоиши ба қисмҳо ҷудо намудани таҷҳизотҳои ҷангӣ […]

Хабарҳо

Имрӯз, 15 феврали соли 2023, дар заминаи силсилачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ибтикори шуъбаи  кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар якҷоягӣ  Ташкилоти Мададгори мудофиаи ноҳияи Рашт мусобиқаи тирандозӣ аз руйи намуди силоҳи пневматикӣ бахшида ба 30-юмин солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои […]

Хабарҳо

ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

  Вохӯриҳои Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир ба расондани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Хабарҳо

Таҷлили иди Сада дар ноҳияи Рашт

Тоҷикон аз зумраи мардумонӣ фарҳангдору тамаддунсоз мебошанд.  Онҳо ва авлодони қадимаашон дар баробари дигар халқиятҳои ориётабор аз қадимулаём соҳиби фарҳанги ғанӣ буда, офарида ва расму оинашон ба тамаддуни ҷаҳонӣ чун дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд. Ҷашни Сада аз ҷумлаи он дастовардҳое мебошад, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Тандурустӣ Хабарҳо

Вохурии раиси ноҳияи Рашт ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия

18 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт дар соли 2022 баргузор гардид, ки дар кори он Раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Муродзода Бахтиёр, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва табибону кормандони соҳа иштирок намуданд. Раиси […]

Паём ва суханрониҳои Президент Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА: “ПАЁМ – РАҲНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”

Ҳафтаи сипаригардида раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бо интихобкунандагони хеш вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрие, ки 7 январи соли равон дар кохи фарҳанги шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт баргузор гардид, оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Қадрдонии раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба иштирокчиёни озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ

    Аз ҷониби раиси ноҳия ба 43 нафар иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизам» ва омузгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд ба маблағи 57 ҳазору 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ба хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

14 –уми декабри соли 2022, дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҷонибдории 153 кишвари ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо”эълон гардид.

14 –уми декабри соли 2022, дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҷонибдории 153 кишвари ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии хифзи пиряхҳо”эълон гардид. Санаи 24 декабри соли 2022 дар майдони марказии ноҳия бо пешниҳоди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии […]