Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.

Имрӯз дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт муовинони раиси ноҳияи Рашт, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораю сохторҳои марказии ноҳия ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ тамошо намуданд.