23 ноябри соли 2022 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор биноҳои нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар деҳаи Ҳоити Ҷамати деҳоти Ҳоит бунгоҳи тиббӣ ва бинои нави муассисаи таълимии №22, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва фонди хайриявии Тоҷикстон сохта шудаанд бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва намояндагонӣ фонди хайриявии Тоҷикстон мавриди истифода қарор дода шуданд
Сабтҳои охирин
Тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Бораи Самтҳои Асосии Сиёсати Дохилӣ Ва Хориҷии Ҷумҳурӣ»
Имрӯз дар тамоми корхонаю муассисаҳо ташкилоту идораҳо новобаста аз шакли моликияташон тамошои якҷояи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ҳамзамон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт муовинони раиси ноҳияи Рашт, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони идораю сохторҳои маркази ноҳия ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷӯҳ […]
COVID-19. ҶАВОНОН БЕТАРАФ НЕСТАНД
Ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 дар ноҳия аз тарафи қишрҳои гуногуни ҷомеа чораҳои судманд мавриди амал қарор гирифтанд. Хушбахтона, дар ин раванд ҷавонону наврасон бетараф набуда, дар асоси нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус саъю талош намуда истодаанд. Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо волонтёрони бахш бо дастгирии […]
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ
Рӯзи 24.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо гузаронида шуд. Қайд намудан лозим аст, ки дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, муовинони раиси ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Дар рафти қабул […]