Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 166 НАФАР НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД

Имрӯз дар ноҳияи Рашт  бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамҳо  ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда  доир гардид.

Дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи артиши мамлакат ноҳияи Рашт нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона иҷро кард.

Дар рӯзи оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ 166 нафар ҷавонони синни даъвати ноҳияи Рашт, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди ноҳия,  ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар – Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Ба ин муносибат дар майдони қисми ҳарбии 02011 бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони адои хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намуда, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода  бо зикри он, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ арзёбӣ намуда, ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин модари даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Навдӣ сухан намуда, нахуст ба ҷавонони дар мавсими тирамоҳӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва минатдорӣ карданд.

Баромадкунандагон зимни суханронӣ аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмат ба он ёдовар шуда, бо тазаккури зарурияти дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги ноҳия ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукуҳ буд.