Маориф Хабарҳо

Озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» дар ноҳияи Рашт

      Рӯзҳои 22-юм то 25-ум майи соли 2021 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон озмуни даври ҷамоатии «Фуруғи субҳи доноӣ» баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони 14 ҷамоат, ки зиёда аз 2482 нафарро ташкил мекард ширкат  варзиданд. Озмун дар муасиссаҳои таълимии №1, ҷамоати шаҳраки Ғарм, муасиссаи таълимии №25, ҷамоати деҳоти Қалъанак,  муасиссаҳои таълимии №15, ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва дигар ҷамоатҳо гузаронида шуд. 

       Ғолибони озмуни мазкур 231 нафар хонандагону омузгорон, аз ҷумла 16 омӯзгор ва 215 нафар хонандагон ба даври ноҳиявӣ, ки дар маркази ноҳия баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Бояд ёдовар шуд, ки мақсад аз баргузории ин озмун ҷалб намудани толибилмон ба китобу китобхонӣ ва шинохти онҳо ба асарҳои бадеӣ мебошад. Хондан ва азхуд кардани асарҳои бадеӣ донишро мукамал ва ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ месозад.  Ба ин васила, насли ҷавони кишвар аз таърихи гузаштаи ин миллату давлат огаҳӣ пайдо мекунанд.