Хабарҳо

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ бо иштироки раиси ноҳяи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба истифода дода шуданд.

Иншооти баистифодадодашуда асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудааст.

Сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва китобхона дар деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт дар асоси нақшаи чорабиниҳобахшида ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони саховатманд бунёд шудааст, зеро солҳо боз дар ин деҳа муассиаи тандурусти  ва китобхона мавҷуд набуд.

Инак ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ барои табобати беморон пешбинӣ шуда бошад, фаъолияти китобхона барои баланд бардоштани  сатҳи маънавиёти аҳолии деҳот, бахусус ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Дар деҳаи Кадара бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ маркази савдо бунёд шудааст, то аҳолӣ минбаъд ба маркази ноҳия нарафта, молҳои ниёзи аввалия ва дигар маҳсулоти талаботи хоҷагии халқро аз ин маркази тиҷорати дастрас намоянд.

Майдончаи варзиши дар раванди солҳои рушди деҳот бо иқдоми соҳибкорону аҳолии деҳаи лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин деҳаи дурдаст солҳо боз ҷавонон ба чунин майдончаи варзиши эҳтиёҷ доштанд, ки мушкилоти онҳоро дар мудати ду моҳ соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии  аҳолии деҳа бартараф карданд. Акнун ҳамарӯза даҳо нафар ҷавонон дар ин майдонча ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мебошанд, то оянда маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳанд.

Дар маркази шаҳраки Новобод бахшида ба солҳои рушди деҳот соҳибкорони саховатман бунёди се иншоот аз қабили истгоҳи замонавӣ, дукони гушт ва маркази тиҷоратиро анҷом доданд.

Соҳибкори маҳалли Мирзохуҷа Ғиёсов дар соҳили дарёи Сорбоғ коргоҳи сангу шағалро бунёд намудааст, то дар оянда коргарони ин корхона сохтмонҳои ноҳияи Раштро бо масолеҳи маҳалли таъмин намоянд, зеро то ҳамин давра чунин горгоҳи сангу шағалмайдакуни мавҷуд набуд.

Дар деҳаи Шули ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум ду моҳ боз бо иқдоми соҳибкорон асфалтпуш намудани роҳҳои мошингарди байни деҳа ба масофаи қариб 2 километр оғоз гардида буд. Инак, бо анҷоми корҳои пешбинишудаи сохтмончиён роҳи мошингард пурра асфалтпуш гардид.

Ба истифода додани се истгоҳ дар шаҳраки Ғарму деҳаи Ҷафр ва Мулло Барот, чароғон намудани кучаи деҳаи Ҳоит, таъмири канали Туркон ва сохтмони осиёби оби дар деҳаи Ҳиҷборак аз ташабусҳои ватандустонаи соҳибкорон мебошад, ки барои рушди деҳот бунёд шудаанд.

Баъдан дар Кохи фарҳанги шаҳраки Ғарм ба муносибати 26- умин солагарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки қабули Конститутсия дар солҳои авали Истиқлолияти давлати барои мустаҳкам гардидани  пояҳои ҳокимияти Конститутсиони ва эҳёи ваҳдати миллӣ асос гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун давлати мустақил барои барқарор ва ташкили асосҳои давлатдорӣ дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқи муваффақ гардида, амният ва оромии ҷомеа, суботи сиёси ва иҷтимоию иқтисодиро дар кишвар таъмин кард.

Дар ин чорабини ба як қатор донишҷуёну хонандагон барои ширкат дар чорабиниҳои сатҳи маҳалливу минтақавӣ ифтихорнома супорида шуд.

Ҳунармандон бо барномаи рангини худ хотири аҳли нишастро шод карданд.