Суханрониҳои раиси ноҳия

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло, ки мову шумо дар арафаи 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем бемуҳобо метавон гуфт, ки дар сарнавишти ин саннаи муҳими тақдирсоз саҳми бевоситаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин аст.

Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба қабули он 26 сол пур мешавад, аз ҷумлаи муҳимтарин рўйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми  шарафманди кишвар ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ниҳоят муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Мавриди зикр аст, ки эълони истиқлол  дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад. Дар он айём қонуният поймол шуда, сохторҳои идораи давлатӣ  фалаҷ гардиданд. Дар кишвар бенизомӣ ва бесарусомонӣ  ҳукмфармо  буд.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол даъват ва баргузор шуда, дар он роҳбариати нави мамлакат интихоб ва қарорҳои таърихие қабул гардиданд, ки моҳияти сарнавиштсоз доштанд.

Чуноне Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид  намудаанд: «Вазъи он рўзҳо дар назди роҳбарияти навинтихобшудаи Давлату Ҳукумат ҳалли вазифаҳои тақдирсоз  ва дар навбати аввал, қатъи ҷангу хунрезӣ,  барқарор кардани сохтори конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми кишварро  ба миён гузошта буд. Дигар масаъалаи муҳимтарине, ки  дар назди мо қарор дошт, ҳарчи зудтар таҳия ва қабул  кардани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Зеро Конститутсия  бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард».

Воқеан, дар чунин шароит зарур буд, ки ҷомеаро ҳарчи зудтар аз вартаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун оварда, роҳи рушди минбаъдаи худро интихоб намоем.

Ин мақсаду мароми миллат ва ҷомеаро танҳо Конститутсия, яъне, қонуни асосии давлат, метавонист ба расмият дарорад.

Зикр бояд кард, ки раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия мушкил мегузашт, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони шўравӣ ҳанўз хеле қавӣ буд ва дарки арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла, гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои моликият, иқтисоди бозорӣ ва монанди инҳо хеле ба душворӣ қабул мешуд.

Аз ҷумла, масъалаи интихоби шакли идораи давлатӣ, яъне дар Конститутсия муқаррар намудани ҷумҳурии президентӣ ё парламентӣ, мавриди баҳсу талошҳои доманадори таҳиягарон қарор гирифта буд.

Хушбахтона, халқи Тоҷикистон шакли идораи президентиро ҷонибдорӣ намуд ва ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид.

Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд, зеро конститутсияҳои қаблӣ аз ҷониби намояндагони мардумӣ дар парламент қабул гардида буданд.

Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихии даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рўйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.

Баъдан, дар саннаҳои 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ таѓйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳамаи онҳо ба манфиати халқ арзишҳои миллию давлатӣ буда,  асосҳои воқеиву қонунӣ доранд. Гузашти солҳо исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи сокинони кишвар роҳи иттиҳоду суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту тараққиёти ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ва ҷодаи ободию созандагӣ мебошад.

Шубҳае нест, ки дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса дорад.

Маҳз ба туфайли ҷасорати шахсӣ, таҳаммулу дурандешӣ ва талошҳои пайгиронаи ин абармарди сиёсат муяссар шуд, ки дар муҳлати кўтоҳ Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, фаъолияти мақомоти қудратию ҳуқуқӣ дар саросари мамлакат барқарор ва ҳокимияти сиёси барои бартараф кардани оқибатҳои низоъҳои дохилӣ ва фароҳам овардани шароит барои гузаронидани ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шуруъ намояд.

Дар ин миён таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро пайдо намуданд.

Ҳукумати мамлакат бо пешниҳоду ибтикороти сатҳи байналмилалӣ дар давраҳои гуногун тавонист кишвари моро ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ   номбару номбардор гардонад. Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуда, набзи миллату давлати мо бо набзи сайёра баробару ҳамсадо карда шуд.

Ногуфта намонад, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори чор эъломияи марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қабулу шинохта шуд, боиси эътирофи оламиён гардид.

Имрўз бо итминони комил гуфта метавонам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсию иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Ҳозирини муҳтарам!

Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ замина гузошта, Тоҷикистон дар як муддати кўтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Имрўз Тоҷикистон сиёсатеро пеш мебарад, ки ба мутобиқ намудани масъалаҳои рушди кишвар бо равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллӣ имкониятҳои муносиб фароҳам оварад ва заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ таъмин созад.

Конститутсия низ пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Бо гузашти бисту шаш сол аз қабули ин санади бунёдии давлати соҳибистиқлол мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўйи марому мақсади олии кишвар ва ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.

Атрофи дастовардҳои даврони  Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва низому тартиботе, ки имрўз дар кишварамон ба назар мерасанду аз Конститутсия сарчашма мегиранд, соатҳо ҳарф занем камӣ мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона мардуми шарифи ноҳия ва ҳамаи шумо ҳозирини гиромиро ба ифтихори бистушашумин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки дар хонадони ҳар яки шумо сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рўзгор ҳамеша пойдор бошад.