Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Суханрониҳои раиси ноҳия Тандурустӣ Хабарҳо

“САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ”

Вохӯрии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Вохӯриро Зарина Идизода, муовини якуми раиси ноҳия кушода, кормандони соҳаро ба муносбати иди касбиашон табрик гуфт.

Насриддин Солиҳов, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия оид ба фаъолияти муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия ҳисобот манзур кард.

Раҳимҷон Набизода фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, баҳри беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, ӯ зимни суханронии худ қайд кард, ки соли равон барои кормандони соҳаи тиб, соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷонисорӣ барои наҷоти беморон ва давраи баланд бардоштани мақому манзалати табибон дар ҷомеа баҳисоб меравад.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар ҷаҳон ба амал омадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави мамлакат ба роҳ монд.

Вобаста ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт низ корҳои муайянеро ба анҷом расонд. Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 18 марти соли 2020, № 2 “Дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус дар ҶумҳурииТоҷикистон” қарори раиси ноҳияи Рашт аз 30 марти соли 2020, № 217 ба тасвиб расида, Ситоди маҳаллӣ оид ба пешгирии сар задани ҳолатҳои бемориҳои зуком ва хусусан зукоми коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ низ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Шуъбаи бемориҳои сироятии назди беморхонаи марказӣ барои қабули гирифторони бемории коронавирус  аз нав таъмир гардида, бо таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ ва маводҳои доруворӣ таъмин карда шуд. Иловатан, ба шуъбаи мазкур аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 адад хона-вагонҳо дастрас карда шуд.

Беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маводи ғизоии ниёзи аввал ва маводҳои доруворӣ таъмин карда шуданд.

Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар самти дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва чораҳои пешгирикунондаю табобатӣ дар ин рӯзҳои душвор хело назаррас ба мушоҳида расид. Соҳибкор Шараф Бобоҷонов бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумаки молиявӣ расонида, ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус 1 миллион сомонӣ пардохт намуд.

Соҳибкори дигари муваффақи мо Ғаюр Ҷурабеков ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ либосҳои махсус, маводҳои доруворӣ ва ғизоӣ барои табибон дастрас намуд, ки барои чунин амали хайрхоҳона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо изҳори сипос менамоям.

Дар самти табобати гирифторони ин беморӣ махсус бояд таъкид намоям, ки табибони шуъбаи сироятии назди беморхонаи марказӣ наҳаросида, шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд. Натиҷаи заҳмати мудири шуъбаи бемориҳои сироятӣ Камолиддин Ёров бе подош намонда, номбурда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ медали “Хизмати Шоиста” сарфароз гардонда шуд. Ин аст оини ҷавонмардӣ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва нишон додани садоқату матонат ба халқу миллат.

Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии ноҳия рушду такоммул ёфт.

Дар ин давом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд даҳҳо марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамасола шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказӣ бо системаи гармидиҳӣ пурра таъмин гардиданд.

Дар ин давом маркази кӯдакони имконияташон маҳдуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар ноҳия Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, 19 марказҳои саломатӣ ва 49 бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият намуда истодаанд, ки бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, фарогири зиёда аз 605 нафар табибону кормандони миёнаи тиб мебошанд.

Кунун вазифаи ҳар як табиб аз он иборатаст, ки ҳамеша пайи табобати беморон бошаду номи неке дар ҷамъият аз худ гузорад.

Хусусан, замоне, ки бемории сироятии коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, хавфи паҳншавии мавҷи дуюми он қисме аз давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Ба ҳадди 58 нафар расидани гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам дар ноҳия ташвишовар ва боиси нигаронии ҷиддист.

Дар Маркази диспансерӣ тайи 5 соли охир 424 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳам боиси ташвишу изтироб боқӣ мемонад. То 80 фоиз боло рафтани сатҳи таваллуди беморхонагӣ аз натиҷаи кори хуби кормандони соҳа дарак диҳад ҳам, ин рақам то ҳол қонеъкунанда нест.

Инчунин, баландшавии нишондодҳои таваллудкунандагон бо мураккабиятҳо, хусусан бемории приэкламсияҳои вазнину миёна, экламсия, хунравиҳои акушерӣ, камхунии вазнин, хусусан дар нимсолаи аввали соли равон 61 нафарро ташкил медиҳад сабаби зиёдшавии ин бемориҳо дар байни ҳомиладорон аз оғози ин давра ба табобат нагирифтани  онҳо мебошад.

Яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар маҳал бақайдгирӣ ва саривақт интиқол додани беморон ба беморхонаи марказӣ мебошад. Дар ин самт саҳми Маркази солимии репродуктивӣ низ бояд чашмрас бошад.

– Воқеан, саломатӣ гавҳари ноёбаст, – гуфт раиси ноҳия ва афзуд, ки имрӯз дар муассисаҳои госпиталӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии ноҳия зиёда аз 15 шуъбаю марказ ва ҳуҷраҳои махсус фаъолият намуда истодаанд, ки дар самти табобату пешгирии бемориҳо бояд чораҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд. Пайдоиши бемории коронавирус нишон дод, ки на ҳама табибони мо ба савганди худ содиқ монданд.

         Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду азнавсозии 20 марказу муассисаҳои тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, 11 адади он мавриди истифода қарор гирифта, дар 9 адади он корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома дорад.

Чунин иқдомҳои созанда ҳар як корманди соҳаи тандурустиро водор месозад, ки дар адои вазифаи хизматии худ масъулият эҳсос намояд. Зеро, табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд.

Раиси ноҳия дар фароварди чорабинӣ кормандони соҳаи тандурустиро бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонд.