Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз

19.08.2020 18:28, ноҳияи Дарвоз

Нимаи дуюми рӯзи 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарм ва самимияти хосаи мардуми заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ифтитоҳи яқ қатор иншооти муҳим ва оғози корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот суханронӣ карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро аз вусъати бомароми корҳои ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз барои истиқболи санаи мубораки сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 38 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки то ҷашни таърихии Ватани маҳбубамон иншооту биноҳои боқимонда низ бо сатҳу сифати баланд ва бо дарназардошти анъанаҳои меъмории миллӣ бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.

Барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз як миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби 10 лоиҳаи давлатии сармоягузории дар ҳудуди ноҳия татбиқшуда қариб 900 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар зарфи 29 соли истиқлол дар ноҳия 230 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардид.

Танҳо соли 2019 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 19 иншооти гуногун, аз ҷумла 5 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 17 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар 10 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи 41 миллион сомонӣ 16 иншоот, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ бунёду таҷдид гардидааст.

Зимни таҳлили вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкоронро вазифадор карданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ҳамин роҳ таъсис додани ҷойҳои кории нав тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолӣ доир ба иҷрои пурраи барнома бояд тадбирҳои иловагӣ ва фаврӣ андешанд.

Имрӯзҳо бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром идома дорад.

Ҳоло дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо соли гузашта нисбат ба соли 2018 ду баробар ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки гарчанде солҳои охир дар соҳаи саноати ноҳия пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд, вале имкониятҳои ноҳия дар рушди соҳа ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор шуданд, ки бо истифода аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба кор андохтани кони ангишти Равнов, ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ ва истихроҷи маъданҳо чораҷӯӣ намоянд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Дарвоз дар оянда низ ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати созандаи хеш барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Дарвоз баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

http://www.president.tj/node/23591