Хабарҳо

ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ

         Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи навоҳии Рашт омада буд, дар  ноҳияи Рашт аз  киштзори картошка ва дигар зироатҳо, боғҳои навбунёд ва рафти сохтмонҳои ҷашнӣ дидан кард.  Дар баробари ин ба картошкапарварон, боғкорон ва дигар масъулин  барои рафъи мушкилот ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор дар самтҳои гуногун маслиҳатҳои муфид дод.

         17 июли соли равон ӯ дар толори калони қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон маҷлисро кушод ва баъди суҳбати ифтитоҳӣ риштаи суханро ба ихтиёри Маҳмадтоир Зокирзода дод.

Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба мардум расонд.  Сипас дар мавзӯъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани сиюмин солгарди рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат сухан гуфт.

Муовини раиси ноҳия Ҳамдуло Шарифзода,  оид ба дастовардҳои сокинони  Рашт дар шаш моҳи сипаригардида маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла иброз дошт, ки соли равон картошкапарварони раштӣ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат масоҳати майдони кишти картошкаро  аз ҳисоби заминҳои бекорхобида 500 гектар зиёд намуданд ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ин раванд идома дода мешавад.

Маҳмадтоир Зокирзода дар хатми маҷлис ба ҳайси вакил аз ҳавзаи Рашт-12 ба интихобкунандагони хеш дар бораи корҳои анҷомдодааш дар семоҳаи аввали сол ҳисобот дод.

Сипас чанд нафар иштирокчиёни вохӯрӣ барои кумак ва дастгирӣ дар ҳалли мушкилоти дар ноҳия мавҷуд буда, ба М. Зокирзода муроҷиат намуданд.

Хайрулло Ғиёсов гуфт, ки сол то сол шаҳраки Ғарм ободу зебо мешавад ва биноҳои ду-се ошёна ин ҷо қомат меафрозанд. Шумораи сокинони он ҳам зиёд мегардад, аммо масъалаи таъмини оби нӯшокӣ душворӣ пеш меорад. Барои таъмини аҳолии шаҳрак лозим аст, ки аз деҳаи Лояк ё болотар хатти оби нӯшокӣ оварда шавад. Хуб мебуд, ки дар ҳалли ин масъала ба интихобкунандагон ёрӣ медодед.

Замира Давлатова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар ҳудуди ноҳия беш аз ду ҳазор симчӯби фарсуда, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ бо неруи барқ таъмин мегардад, анқариб панҷоҳ сол боз мавриди истифода қарор доранд. Иваз намудани симчӯбҳо хеле зарур аст.

Абдураззоқ Саломов ба самъи ҳозирин расонд, ки дар сурати таъмиру тармими каналҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх беш аз 150 гектар замини ҳосилхез дубора ба истифода дода мешавад. Ҳукумати маҳаллӣ барои амалӣ намудани ин нияти хайр имконият надорад. Хуб мешуд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки бо ин мақсад ҷудо мегарданд, истифода бурда шавад.

Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки мардуми бонангу ори Рашт аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша пуштибонӣ мекунанд ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани сиюмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.