Эълонҳо

Диққат! ОЗМУН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар асоси қарори раиси ноҳия бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия дар сатҳи љумҳурӣ ва иҷрои банди 7-и  Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020 озмуни “Мақолаи беҳтарин”- ро байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва донишљӯёни  Донишкадаи омӯзгории Тољикистон дар ноҳияи Рашт, коллељҳои тиббию омӯзгорӣ ва Литсейи касбӣ-техникии ноҳия эълон мекунад.

ТАЛАБОТ БА ОЗМУН:

  1. Иштирокчиён бояд мақолаи худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод намоянд.
  2. Мақолаи пешниҳодгардида бояд, ки мавзӯи муаррифии имкониятҳо ва рушди инфрасохтори сайёҳиро ифода намояд. Тамоми имкониятҳо ва мушкилоти соҳаи сайёҳии ноҳияро дар бар гирад. Мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, аз љумла чашмаҳо, руду кулҳо, шаршараҳо, дараҳои зебоманзар ва олами набототу ҳайвоноти ноҳияро инъикос намояд. Урфу одат, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия дар он дарљ карда шавад. Таъсирбахш буда, ба рушди соҳа дар ноҳия такони љиддӣ бахшад.
  3. Мақолаҳо тариқи чопи компютерӣ бо шрифти Times New Roman Tj, андозаи 3х2 ва интервали 1 қабул карда мешаванд.
  4. Сину соли иштироккунандагон бояд аз 14 то 45 сола бошад.
  5. Муҳлати қабули маводҳо то 20 апрели соли 2020 сурат мегирад.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда мешаванд.

Суроға барои қабули маводҳо: мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ – 57, Телефон барои тамос:  (3131) 22-1-01 ё почтаи sayohi.rasht@mail.ru