Суханрониҳои раиси ноҳия

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам ҳомиёни низому тартибот,

Ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва  мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисьёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солхои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Воқеан ҳам, вақте ба саҳифаҳои рангини ҳаёти мамлакатамон назар меафканем, мебинем, ки мақомоти корҳои дохилӣ аз рўзхои аввали ба фаъолият оғоз намудан барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дошт.

Дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳое, ки вазниниву мушкилиҳо пешорўи кормандони милитсия буданд, натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба ҳама ин душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷо меоварданд.

Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ дар он давра пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардум 33 нафар кормандони милитсия, зодагони ноҳияи Рашт ҷони худро нисор кардаанд, ки аҳли оилаи онҳо аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дур намонда, зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор доранд. Давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти кишвар, посдори сулҳу субот ва ба яке аз фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардида, дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурўҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, қочоқчиёни маводи нашъаовар обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо намуданд.

Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаҳои муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноятӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд.

Тантанаи Рўзи милитсия тантанаи тамоми мардуми кишварамон мебошад, зеро кормандони он бо кирдору рафтори ватандўстонаи худ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтаанд. Беҳуда нест, ки дар байни мардуми кишварамон ибораи «милитсияи ман-ҳимоятгари ман» хеле маъмул аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо кормандони мақомоти қудратӣ андешаҳояшро нисбати милитсия чунин иброз дошта буд:

«Ман аз кормандони милитсия миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандўстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоянд. Милитсия ҳомии низому тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон, посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум аст».

Саҳми милитсияи тоҷик дар таърихи амнияти давлату манфиатҳои ҳуқуқии халқамон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ, хосса дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзанда буда, аз санҷишҳои таърихӣ гузашта, дар таъмини суботи мамлакатамон шинохта шудани он дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ хизмати имрўзаи милитсияи тоҷик низ хеле бузург аст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сол то сол заминаи мусоиди моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ин ниҳод, ки барои халқу Ватан хизматҳои содиқона карда истодаанд, ҳамасола тадбирҳои судмандро роҳандозӣ мекунад. Дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъмин намудани нозирони корҳои дохилӣ бо утоқҳои корӣ ва дар арафаи таҷлили чорабиниҳо ҳавасманд намудани собиқадорону кормандони ҷавони он аз таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба ниҳод шаҳодат медиҳад.

Дар навбати худ Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда, тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар таъмини иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақши босазои хешро гузоштанд, ки барои чунин иқдомҳои наҷибона ба роҳбарияти Раёсат изҳори сипос менамоям.

Бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт имрўзҳо бо сарбаландӣ аз уҳдаи вазифаи хеш баромада истодаанд. Натиҷаи кордонӣ ва истеъдоди баланди касбии онҳост, ки дар минтақа ва ноҳияи Рашт оромӣ ва сулҳу субот пойдор буда, сокинони маҳал бо руҳи болида барои таъмини зиндагии шоиста заҳмат мекашанд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Раштро ба иди касбӣ-Рўзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ ва дар фаъолияти хизматиашон барору комёбиҳо орзумандам!