Маориф Хабарҳо

Таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгор” дар ноҳияи Рашт

3 октябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт «Рўзи забони давлатӣ» ва «Рўзи  омўзгор» бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Ҷамъомад бо иштироки раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон  ва  директорону   омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар як сатҳи баланди сиёсию фарҳанги баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси ноҳия Идиева Зарина ҷамъомадро кушода эълон намуд.

Сипас раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодда ба сухан баромада,  иштирокчиёнро  ба муносибати ин ҷашнҳо  табрику таҳният гуфта,  оид ба   мақом ва мартабаи забону омўзгор дар  сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва амалишавии  қарору  барномаҳои дар ин самт  таҳияшуда суханронӣ намуд.

Дар  фарҷоми суханронӣ,   раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба  собиқадорони   соҳаи маориф, директорон  ва омўзгороне, ки  дар давоми  фаъолияти кориашон ба нишондодҳои назаррас ноил гаштаанд, ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ, ки   аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия,  шуъбаи маориф  ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони  соҳаи маориф  тайёр карда шуда  буданд,  супорид.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.