Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тагоба  дар ноҳияи Рашт бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  5 сентябри соли 2019 дар маросими кушодашавии бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тагоба раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев  иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ки зимни дастуру супоришҳо ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ноҳияи Рашт бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нав ба истифода дода мешаванд. Соли равон ба анҷом расонида ва ба истифода додани 52 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Бинои нави  Маркази таъминоти бехатарии озуқавори дар ноҳияи Рашт ва бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тагоба  аз ҷумлаи ин иншоотҳо мебошанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият мавриди истифода қарор дода шуданд.