Сайёҳӣ

 ХАТСАЙРИ Душанбе – Рашт – дараҳои– Ҷафр – Камароб

       БАХШИ РУШДИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ

 ХАТСАЙРИ ДушанбеРаштдараҳоиҶафрКамароб (3-рўза)

Рўзи якум

Соати 8:00 аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рашт (дар масофаи 180км) ба роҳ баромадан.

Хўроки нисфирўзӣ дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Рашт.

Баъд аз нисфирўзӣ боздид аз боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, сорхонаи «Кўҳсори аҷам» ва маркази ҳунармандӣ дар деҳаи Ҷафр (аз маркази ноҳия дар масофаи 18км).

Хўроки шом ва шаб дар меҳмонхонаи хусусӣ дар деҳаи Ҷафр сипарӣ карда мешавад.

Рўзӣ дуюм

Соати 8:00 субҳона дар деҳаи Ҷафр гузаронида шуда, то соати 17:00 дар мавзеъҳои сайёҳӣ дараи Ҷафр сайёҳат анҷом дода мешавад.

Хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шом дар ҳавои кушод дар дараи Ҷафр тановул намуда, шабро

дар меҳмонхонаи хусусӣ сипарӣ менамоянд.

Рўзи сеюм

Баъд аз субҳона тавассути автомобил ба самти дараи Камароб (аз деҳаи Ҷафр дар масофаи 30 км) ба роҳ баромада, то бегоҳ дар манзараҳои зебои дараи Камароб сайру сайёҳат анҷом дода мешавад.

Хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шом (гулмоҳӣ ва дигар хўрокҳои миллӣ) зери ҳавои кушод дар дараи Камароб. Шаб дар меҳмонхонаи хусусӣ дар дараи Камароб.

 Рўзи чорум

Анҷоми сафар ва ба самти шаҳри Душанбе ба роҳ баромадан.

ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ  либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кўлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.