Иқтисодиёт Маълумотҳои оморӣ Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ҳисоботҳо

Ҷамъбасти натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019

Ҷамъбасти натиҷаи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019

Аҳолӣ                             -129843  нафар;

Ҷамъи заминҳои ноҳия -461260 га, ба як нафар 3,72 га

Аз он ҷумла заминҳои обӣ   -9036 га, ба як нафар 0,07 га

Ҷамъи заминҳои корам -4659 га, ба як нафар 0,04 га

Аз он ҷумла обӣ-3339 га, ба як нафар 0,03 га

Шумораи ҷамоатҳои деҳот/шаҳрак -12/2

Шумораи иҷлосияҳои маҷлиси вакилони халқ-2

Шумораи қарорҳои қабулнамудаи раис         -260.

Шумораи эътирозҳои прокуратура – ба қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия, ки аз 26 феврали соли 2019 то инҷониб қабул намудааст, ягон эътирози прокурорӣ оварда нашудааст.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро равона намудааст.

Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2019 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати дар  соли 2019 ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кўшиш намуда истодаанд.

   Иҷрои буҷет.

Дар шаш моҳи  соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 32 млн. 25,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 32 млн. 74,2 ҳазор сомонӣ ё 100  фоиз иҷро гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоботӣ  даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 101 фоиз иҷро шуда, ба буҷет  11  млн. 69,6 ҳазор сомонӣ дохил гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда  124,6  ҳазор  сомонӣ зиёд  мебошад.

Маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, яъне 21  млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра ба 30 млн. 339,9 ҳазор сомонӣ баробар буда, 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи  соли 2018 ба маблағи 4 млн. 276,4 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ин ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва худдорӣ намудан аз маблаѓгузории хароҷотҳои дуюмдараҷа мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, беш аз 27 млн. 291,4 ҳазор  сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона  гардид, ки 89 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамоянд.

Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.

Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 381,6 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли равон 29,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

  Рушди иқтисодии ноҳия. Дар шаш моҳи  соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 171 млн. 149,5  ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 млн. 833,1 ҳазор  сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд гардидааст.

Гардиши чаканаи мол дар ин давра 44 млн. 965 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 млн. 144 ҳазор  сомонӣ ё 12,6 фоиз зиёд мебошад.

       Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар давоми шаш моҳи соли 2019 барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблаѓи 4  млн. 212,6   ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблаѓи 409,1  ҳазор сомонӣ ё 10,8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми интиқоли маблаѓ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта 14 млн. 343 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  759   ҳазор доллари ИМА ё 3,1  фоиз зиёд аст.

Дар ин давра дар ноҳия 188 субъектҳои соҳибкории нав фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи соҳибкороне, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 90 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 89 адад ва шахсони ҳуқуқӣ 9 нафар зиёд шудаанд.

       Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Дар ноҳия 2894 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ  фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ 73  га боѓҳои нав бунёд ва дар майдони  213  га боѓҳои куҳна барқарор карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7041 га кишти  зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат  соли гузашта, 12 гектар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 62 млн. 902 ҳазору 500 сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1млн.007 ҳазору 900 сомонӣ  зиёд ва суръати афзоиш 101,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мавсими имсола дар ноҳия дар  хоҷагиҳои кишоварзӣ1310 га кишти картошка ба нақша гирифта шуда буд, ки ин назар ба нақшаи соли гузашта 110 га зиёд буда, дар  майдони  1312 га кишти  картошка гузаронида шуд.

Дар ин давра  истеҳсоли гўшт ба 1990,8 тонна, шир ба 5720,7 тонна,  тухм ба 2млн.709,6 ҳазор дона, пашм ба 52,6 тонна, асал ба 51,2 тонна расонида шуд, ки  мутаносибан нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта гўшт 18,6 тонна, шир  108,6 тонна, тухм 2,8ҳаз.дона, пашм 2,9 тонна ва асал  0,4 тонна зиёд  мебошад.      

  Энергетика ва саноат

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 18 млн. 700,9 ҳазор   сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 884,4 ҳазор сомонӣ ё  35 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби аҳолӣ  ба маблаѓи 4  млн. 542 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда,  пардохти он 4 млн. 89,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки 90,04 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад.

      

     Нақлиёт

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди  ноҳия дар давоми шаш моҳи  соли 2019 дар ҳаҷми 242  ҳазору 40 сомонӣ маблаѓ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ин давра роҳҳои ноҳия ва дохили шаҳраку деҳот корҳои тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф бо автогрейдер дар масофаи 3773 км, кашонидан ва пошидани маводҳои зиддилаѓжишӣ дар ҳаҷми 720 тонна, тоза кардани ҷуйборҳои  канори роҳ ва қубурҳо дар ҳаҷми 1390 метри мукааб, тоза кардани ҷуйборҳои канори роҳҳо 1004 метри тулонӣ, тоза кардани 6 адад қубурҳои обгузар, гузоштани аломатҳои роҳ 20  адад, сохтани садди муҳофизатӣ 5200 метри мукааб, кашидани хатҳои уфуқӣ ба масофаи 20 км  ва бо дастгирии соҳибкорон асфалтпўш  кардани 1,5  километр роҳи маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.

         Меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар ин давра дар Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Рашт  зиёда аз 1300 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 376 нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, 180 нафар ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кўтоҳмуддати дўзандагӣ, омўзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ равона карда шуда, 174 нафар дар соҳаҳои гуногун  ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Маркази  таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт дар шашмоҳаи аввали соли 2019 – 25 гурўҳҳои омўзишӣ бо фарогирии 324 нафар касбомўзон ташкил карда шудаанд. Аз ин шумора 17 гурўҳ бо фарогирии 239 нафар касбомўзон, аз ҷумла 96 нафар занон аз ҳисоби барнома ва 8 гурўҳ бо фарогирии 85 нафар, аз ҷумла 40 нафар занон ба тариқи худмаблағгузорӣ ба омўзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 325 нафар, аз ин 132 нафар занон бо ҳуҷҷатҳои касбӣ таъмин карда шудаанд.

  Муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони дар хориҷи кишварбуда дар давраи ҳисоботӣ 9771 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 417 нафарашон занон мебошанд. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба аввали сол 609 нафар кам шудааст.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 896,2 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 98,2 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 12,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 8384 нафар нафақахўрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳои моҳҳои январ-май  ба пуррагӣ пардохт гардида, нафақаи моҳи июн то саннаи 15-уми моҳи июл маблағгузорӣ карда мешавад.Нафақаи миёна дар ин давра 286 сомониро ташкил медиҳад.

        Тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ, 49 хонаҳои саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ  фаъолият бурда, дар онҳо 137 нафар табибон ва 416 нафар  кормандони миёнаи тиб  фаъолият менамоянд. Инчунин диспансери байниноҳиявии бемориҳои рўҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани аҳолӣ аз паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам. сил, гепатити С масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарѓиботиро ба роҳ монда, аҳолии Ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум, Ҷамоатхои шаҳраки Ѓарм ва Навобод ройгон аз ташхиси тиббӣ бархурдор гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия  127542  нафар беморон ба табобат ва ташхис фаро гирифта шудаанд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 2408  нафар дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, 2176   нафар саломатии худро барқарор намуданд.

Дар шаш  моҳи  соли равон 1614  таваллуд ба қайд гирифта шудааст, (шаш  моҳи  соли 2018 -1153 ), таваллуди беморхонагӣ   1310  нафар  81,1 %  фоиз (шаш моҳи  соли 2018 – 1504 – 75,9%) ва таваллуди хонагӣ 304  нафар 18,9 фоиз ( шаш моҳи  соли 2018 – 363 – 24,1%)- ро ташкил медиҳад. Нақшаи маблаѓҳои ҳампардохти муассисаҳои КАТС дар давраи ҳисобот104500 сомониро ташкил медод, ки иҷроиши он 104620 сомонӣ ё 100,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар шаш  моҳи  соли равон нақшаи ҳампардохт дар беморхонаи марказӣ  260000  сомониро ташкил медод, ки иҷроиши он  261974  сомонӣ ё ин, ки 100,8%-ро  дар бар мегирад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  шарикони рушд як адад дастгоҳи рентгени рақамӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия дастрас карда шуд.

Шумораи умумии занон дар ноҳия 63 ҳазору 680 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 33  ҳазору 734 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи тандурустӣ 430  нафар, соҳаи маориф 366 нафар, соҳаи фарҳанг 60 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 71 нафар занон кору фаъолият доранд. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҷумлаи занон ба 192 нафар расидааст. Инчунин, 9 нафар занон ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.

Дар ноҳия 4  корхонаи дузандагӣ- корхонаи дўзандагӣ  “Чевар-2014”, «Бону-2014», «Зуҳал-2014» ва “Субҳи Рашт”, ки дар арафаи  ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳон ифтитоҳ гардид,  фаъолият дорад, ки дар онҳо 48  нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

.      Маориф ва илм

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 27606  нафар хонанда, ки 13259  нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон  1703  нафар омўзгор, ки аз ин 366 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятим бо фарогирии 189 нафар тарбиятгирандагон, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 47 нафар тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар тифлакон ва 40 адад Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ бо фарогирии 936 нафар  амал карда истодаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 815 компютер, 186 принтер, 12 адад тахтаи электронӣ, 21 адад видиопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошад.

Дар асоси протоколи вохўрии раиси ноҳия  бо кормандони соҳаи маориф аз 9 марти соли 2019 нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия тасдиқ карда шуда, иҷроиши бандҳои он зери назорати роҳбарияти шуъбаи маориф қарор доранд. Дар ин асос  муайян карда шуд, ки айни замон 355  нафар омўзгорон  ѓайриихтисос ба шогирдон дар муассисаҳои таълимии ноҳия дарс мегузаранд. Барои бартараф намудани камбудии ҷойдошта 42 нафар омўзгорон бо роҳхати шуъбаи маориф ба шуъбаҳои ѓоибонаи ДОТ дар ноҳияи Рашт сафарбар карда шуданд. Аз шумораи хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвар дар риштаи омўзгорӣ, ки 53 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда буданд, шаш нафари дигар дар шаш моҳи  соли ҷорӣ ба ҷойи кор ҷалб карда шуданд. Аз ҳисоби хатмкунандагони донишкадаи  омўзгории ноҳия  тибқи квотаи Президентӣ  7 нафар ба ҷойи кор фаро гирифта шуданд.

Чиҳати ҷалби хонандагон ба омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф аз ҳисоби омўзгорони соҳибтахассуси забони русӣ, ки аз Федератсияи Россия ба донишкадаи омўзгорӣ омадаанд, дарсҳо ва маҳфилҳои иловагӣ ташкил карда шуд.

Ҷиҳати ҷалби кўдакони синни 5-6 сола ба марказҳои инкишофи кўдакон ташкили гурўҳхои нав дар назди 15 муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 5008 адад китобҳои дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.Дар  давраи ҳисоботӣ  62 нафар омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.

          Фарҳанг

Дар ноҳия 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, филармонияи халқӣ, театри халқӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз, таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳон баргузор гардид,  назаррас мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2019 аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи Ҷамоати деҳоти, Нусратулло Махсум,  Қалъаи Сурхи Ҷамоати деҳоти калъаи Сурх. Варзигони Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода идома дошта, аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети маҳаллӣ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ Боѓи фарҳанг-фароѓатии маркази ноҳия таъмир ва барқарорсозӣ карда шуда, аз тарафи ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо 50 ҳазор дона гулҳо гулгаштҳо бунёд карда шудааст.

Роҳбарияти бахши фарҳанг бобати таъмини соҳа бо мутахассисони касбӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ҳанўз ҳам камбудиҳо дар мавриди ҷоннок намудани фаъолияти театри халқӣ ва хонаҳои фарҳангӣ, таъмири китобхонаҳо дар маҳал, тақвият бахшидан ба ҳунару малакаи овозхонон, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун ҷой доранд, ки ҳалли таъҷилиро талаб мекунанд.

Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии:

– “Шабакаи аввал” (ТВТ) 97,8 фоиз;

– «Сафина» (ТВС)  92 фоиз;

– “Ҷаҳоннамо” 83,4 фоиз;

– «Баҳористон» 84,6 фоиз;

– Шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 шабакаи барномаи дуюми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, як шабакаи радиои «Фарҳанг» дар истифодаи аҳолии ноҳия қарор доранд.

   Ҷашну маросимҳои миллӣ.

Дар давоми шаш моҳи  соли 2019 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 346  адад сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда,  56  дад ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам мебошад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия  91 ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ, 85 масҷиди панҷвақта фаъолият менамоянд.

Дар ин давра дар ноҳия 394  маърака  ба қайд гирифта шудаст, ки хароҷоти умумии онҳо 1 млн. 86,8  ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102  ҳазору 898  сомонӣ кам харҷ гардидааст.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- 6  ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ҳаҷми 33000 сомонӣ ҷарима муқаррар ва ба фоидаи давлат руёнида шуд.

Аз кишварҳои хориҷӣ бозпас овардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ѓайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар  таълим мегиранд.

84 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар  таълим мегирифтанд, ки аз ин 45 нафар то дастур ва 35  нафар баъд аз интишори дастури Сарвари кишвар ба Ватан баргардонида шуданд. Барои ба Ватан баргардонидани 4 нафари боқимонда  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

        Варзиш, ҷавонон ва туризм

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 52800 нафарро ташкил намуда, дар соли 2018 дар байни ҷавонон 10 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия 113 иншооти варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ,  80 майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 17 нафар мураббӣ ва 338 нафар машқварзон (20 нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ 3 мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 10  мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ, 43 мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ гузаронида шуда, ҷавонони ноҳия дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 4  медали тилло, 6 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ  ва дар сатҳи минтақавӣ 12  медали тилло, 17  медали нуқра ва 21  медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Айни замон дар ноҳия сохтмони 5 майдончаи варзишии ҳозиразамон идома дорад, аз ҷумла як  майдончаи варзишии ҳозиразамон дар кўчаи Сомониёни шаҳраки Ѓарм бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар масоҳати 0,25 га ва як майдончаи варзишии ҳозиразамон ва  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша  дар деҳаи Навдии Ҷамоати деҳоти Навдӣ дар  арафаи ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади таблиѓи имкониятҳои сайёҳӣ  сомонаи ноҳия таҳия гардида, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ тавассути он пайваста нашр карда мешаванд. Дар баробари ин таблиѓи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, инчунин бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, №365 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020” қабул гардидааст

Ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, № АП-1170 тасдиқ гардидааст, харитаи сайёҳии ноҳия омода карда шуда, дар яке аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, Чашмаи шоирон воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия насб карда шуд.

Айни замон дар ноҳия 3 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 1 хостел, 1 маркази итилоотӣ, 2 осорхона, 2 боѓи фарҳангӣ-фароѓатӣ, 1 боѓи ботаникӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар рушди сайёҳӣ  заминаи мусоид мегузоранд.

Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама лозим омад, ки мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро муаррифӣ намоем. Айни замон дар ноҳия чор хатсайри сайёҳӣ “Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Камароб”, “Душанбе-Рашт-дараҳои Ҷафр-Ҳоит”, “Рашти-дараҳои Камароб-Тагоба”, “Рашт-дараи Ҷафр” ташкил карда шуда, як ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд. Роликҳои рекламавӣ тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар ба намоиш гузошта шуда, барномаҳои махсуси сайёҳӣ аз тарафи шабакаҳои телевизиони «Тоҷикистон» таҳия ва намоиш дода шуданд.

Чопи мақолаҳо дар рўзномаҳои «Ҷумҳурият»,  рўзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» бо назардошти аксҳо ба табъ расида, гузоришҳои радиоӣ аз тариқи радиоҳои Тоҷикистон ва Ховар пайваста пахш карда шуданд.

Аз  нимаи дуюми моҳи декабри соли 2018 сомонаи сайёҳии ноҳия ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Дар шашмоҳаи соли 2019 ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия 143  адад  мактуб аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 адад Протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 80  адад нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19  адад гузориш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 адад қарорҳои Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10  адад нақша – чорабиниҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7  адад аризаҳои шаҳрвандони ноҳия, ки  ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, 4 адад Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад  Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад  Нақшаи корӣ,  5 адад Қонун, 1 адад барқия  ва 2 адад Суратҷаласа  ворид гардидаанд.

Инчунин 228   адад  мактубҳо аз Вазорату Кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, 676  адад мактубҳо аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ворид шудааст.

Дар ин давра  352  адад мактубҳои раиси ноҳия ба мақомотҳои болоӣ, ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо  ирсол шуда, 260 адад қарор, 108  адад амрҳои раиси ноҳия  ва 75  адад протоколҳои маҷлисҳои васею вохўриҳои раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия  ба тасвиб расидаанд.

Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт дар шашмоҳаи  соли 2019 – 1053  адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора  693  ададаш мутаалиқ ба рўзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия мебошад.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 467  ададаш оид ба таъмин намудан  бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 77 адад бобати ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, 5 адад ташкили хоҷагии ёрирасон,  65  адад ҷиҳати таъмин намудан бо шаҳодатномаи ҳуқуқи  истифодаи замин, 56 адад оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, 20 адад оиди қабули иншоот,  133  адад доир ба сафари Ҳаҷ-2019, 126  адад ҷиҳати расонидани кўмаки молиявӣ ва  104 адади  дигар масъалаҳои   гуногунро дарбар мегиранд.

Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида ба 720  ададаш ҷавоб гардонида шуда  76  адади дигар, ки дар нимаи моҳи  июн  ворид шудаанд   , ки муҳлати иҷроияшон давом дорад.

Аз 02 майи соли 2014 №409 қарори раиси ноҳияи Рашт «Дар бораи мабоаѓгузорӣ ва пардохтҳо барои додони ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ  ва соҳибкорни инфиродӣ  дар ноҳияи Рашт» ба тавсиб расид. Дар шашмоҳаи соли 2019 аз ҳисоби аризаҳо ва қарорҳои батавсибрасида ба буҷаи ноҳия ба маблаѓи  2380  сомонӣ ворид карда шуд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон умуман оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад. Дар ҷамоатҳое, ки фонди тақсими замини наздиҳавлигӣ мебошад, муҳтоҷон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оид ба рафти иҷрои Амри Президенти умҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо қарори раиси ноҳия аз 01 июни соли 2018, № 372 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021, таҳия ва тасдиқ карда шуда, корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бо маром идома дорад.

Дар Нақша-чорабинии мазкур ҷалби маблаѓҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, шарикони рушд ва бештар ҷалб намудани маблаѓҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ ва соҳибкорон пешбинӣ  шудааст.

Нақша-чорабиниҳои таҳиягардида аз 274 банд, аз ин 19 банд чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, 255  банд ба бунёди сохтмони иншоотҳо дар назар дошта шудааст, ки соли 2018  58- иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 75-иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Аз ин шумора 206 иншоотҳои ба нақша гирифташуда, 76 – иншоот ба соҳаи иҷтимоӣ, 34 иншоот ба соҳаи варзиш, 24 иншоот оиди таъмир ва барқарорсозии роҳҳо ва каналҳо, 22 иншоот сохтмони биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ, 12 хати нави оби нўшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 26 бинои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурўши сўзишворӣ, 12 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар масофаи 4 км гузаронидани хати баландшиддати интиқоли барқ таалуқ доранд.

Дар соли 2019 сохта ба истифода додани 1 беморхонаи ташхисию табобатӣ ”Сияриён”, 1 Маркази таълими калонсолон,  13 майдончаҳои варзишӣ, 3 майдончаи бозиҳои кўдакона, 4 бинои маъмурӣ, 12 биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, 5 ҳаммом, 6 марказҳои хизматрасонӣ ва  савдо, 4 толори варзишӣ, 6 чоҳи амудӣ, 6 коргоҳ ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, 4 иншоот асфалтпўш ва таъмир намудани роҳҳо, 1 осорхона, 4 хати оби нўшокӣ, 2 адад таъмир ва барқаросозии каналҳо, 4 адад  чароѓонкунии кўчаҳо, 2  хонаи истиқоматӣ барои оилаи маъюб, 3  китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 3 адад купрукҳо  ба  нақша гирифта шудааст ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо бомаром идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар иншоотҳои зикргардида дар ҳаҷми 10 млн. 305 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамаркази буҷети давлатӣ 644,1 ҳазор сомонӣ, маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ  2 млн. 520 ҳазор сомонӣ, маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ 7141,4 ҳазор сомонӣ  корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро равона менамояд.